Иди Ѓалаба як сањифаи пурифтихори таърихи миллатњои бародар аст, ки дар он корнамои ибратомўз ва ќањрамонию мардонигии падарону бобоёни мо дар майдонњои њарбу зарб бо хатти заррин сабт шудааст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизаро ҳадафи хеш қарор додем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳиссӣ бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободонии Ватани хеш сарф намояд.
Бо ҳамин нияти нек тамоми аъзоёни иттифоқи касаба кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ва собиқадорону иштирокчиёни ҷангу меҳнатро бори дигар бо иди Ғалаба табрик намуда, ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандем.