28 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Федератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шӯро - Водянов Н.А. (Россия), Кызаев Э.Ш. (Қирғизистон), Назарзода Н.Ҷ. (Тоҷикистон), Холяво С.Ф. (Белорус) намояндагони ваколатдори ташкилотҳои аъзои Федератсия - Кодряну П. (Молдова), Копель Р. (Изроил), Рыльщиков А.И. (Россия), Оганджанян Р.Л. (Арманистон), кормандони дастгоҳи Шӯрои Федератсия байналмилалӣ, раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятии Узбекистон (ба ҳайси даъватшаванда) ва дигар фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи ин давлатҳои аъзо ширкат намуданд.
Шӯрои Федератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ масъалҳои марбут ба рушди иттифоқҳои касабаи соҳаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Дар рафти ҷаласа ҳамчунин созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятии Узбекистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Белорус ба имзо расонида шуданд.