Дар таърихи 19 июн дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим бо фаъолони иттифоқи касабаи шаҳр баргузор шуд. Ҷамъомадро раиси шаҳри Вахдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир ифтитоҳ намуда, оиди ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттифоқҳои касаба дар асоси шарикии иҷтимоӣ суханронӣ намуд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Қодири Қосим мақсаду мароми асосии фаъолияти иттифоқи касабаро шарҳ дода, дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба, оммавигардонии варзиш ва рушди он, ташкили истироҳати аъзоёни иттифоқи касаба ва чорабиниҳои солимгардонӣ, ҷараёни татбиқи муқаррароти шартномаҳои коллективӣ дар ҷомеаи меҳнатӣ суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ва фаъолони иттифоқи касабаро даъват намуд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо бештару самаранок истифода бурда, дар татбиқи иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат саҳмгузор бошем.