Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон


25-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Муҳтарам  аъзоёни иттифоки касаба!

Шуморо бо камоли  ифтихору фараҳмандӣ ва самимияти  бепоён аз номи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ба муносибати  ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда,  ба Шумо ва дар  симои  Шумо ба кормандон ва пайвандонатон хушбахтию саодат, бурдбориҳо дар  фаъолияти  меҳнатию ҷамъиятӣ  таманно  дорам.
Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои  назаррас дар  тамоми  соҳаҳои  ҳаёти  ҷамъиятӣ  ноил  гардида, орзуву ормонҳои  ҳарсолаи худро амалӣ карда истодааст.
Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуд. Маъз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст. 

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

  • Дида шуд: 1247

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj