Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон бо арзи эҳтироми хоса ба Шумо ва аҳли кормандону пайвандонатон Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои беназир таманно дорад.
Бигузор, ҳамеша дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мо нури офтоб дурахшон, сулҳу ягонагӣ пойдор ва Парчами миллии мо парафшон бошад.