Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Нозири ҳуқуқ ва нозири меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон – Акбаров Саидҷафар ва Қаҳоров Дилшод,  9 ва 10 декабри соли ҷорӣ дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, бехатарии меҳнат ва мусоидат барои риояи қонунгузории меҳнат» иштирок намуданд. 
Дар семинар намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат – Гоча Александрия ва Валентин Мокану, коршиноси ҳифзи меҳнат аз Руминия – Корнелиу Константиноайя ва ҳамоҳангсози миллии ТБМ дар Тоҷикистон – Аминов Собир баромад намуданд. 
Дар рафти семинар диди ТБМ оид ба системаи идоракунии меҳнат, мусоидат ба риояи қонуни меҳнат дар ҷойҳои корӣ, ҳифзи меҳнат дар Иттиҳоди Аврупо, нақши иттифоқҳои касаба ва намояндагони ҳифзи меҳнат (таҷрибаи Руминия) ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд. 
 

  • Дида шуд: 842

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj