Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ХАТЛОН

 НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ СОЛ

     Дар ҷаласаи навбатии Раёсати кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Хатлон, ки рӯзи 5 марти соли равон дар шаҳри Бохтар баргузор гардида буд,  якчанд масъалаҳо оид ба фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 
      Оид ба натиҷаҳои фаъолияти молиявии кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳавии вилояти Хатлон дар соли 2019 сармуҳосиби кумита Бобоҷонова Гулнора суханронӣ намуд. Дар маълумотномаи худ сармуҳосиб қайд намуданд, ки кумитаи иттифоқи касабаи соҳа ба бисёр пешвариҳо ноил гардид. Маълум аст, ки буҷети кумитаи вилоятӣ ва ташкилотҳои ибтидоии он, аз воридоти ҳаққи аъзогӣ иборат аст. 
     Дар иҷрои нақшаи буҷаи молиявӣ дар соли 2009 кори хуби раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Балхӣ, Н.Хусрав, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Ш.Шоҳин, Хуросон, Данғара, Шаҳритус, Қубодиён, А.Ҷомӣ, шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар қайд карда шуд. 
      Дар бобати дастрас намудани роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои табобати кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудаанд. Натиҷаи чунин саъю кӯшишҳо буд, ки дар як сол 119 роҳхат ба осоишгоҳҳои Зумрад, Хоҷа-Оби-Гарм, Оби-Гарм, Оби Шифо Тоскалъа ва ғайра, дастрас карда шудаанд. 
        Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд. 

  • Дида шуд: 292

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj