ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БАРНОМАИ АМАЛ
БАРОИ ФАРДОСТ
18 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатии Раёсати кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ Некпаева М. ва раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Раиси кумита М.Қосумбеков ахборот оиди амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, пешниҳод намуд. Дар рафти ҷаласа лоиҳаи қарори пешниҳодшуда қабул карда шуд ва нақшаи чорабиниҳои кумитаи вилоятӣ оиди иҷрои дастуру супоришҳои нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Ҳамчунин дар маҷлиси раёсат ҷамъбасти ҳисоботи омории соли 2019 ва иҷроиши буҷаи иттифоқи касаба дар соли 2019 муҳокима шуда қарорҳои дахлдор қабул шуд.