ҲАМКАСБОНИ АЗИЗ!
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон бо самимияти бепоён ҷашни 94-умин солгарди таъсисёбии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобӣ Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба иттифоқҳои касаба гуфта буданд, ки «Мо ҷонибдори иттифоқҳои касабаи қавӣ ҳастем, ки самаранок фаъолият бурда масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро сари вақт ҳаллу фасл карда тавонад». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат масъулини Иттифоқҳои касабаро барои меҳнати софдилонаю самаранок, ба ояндаи рахшон баҳри боз ҳам густариш ёфтани Ватани азизамон даъват намуда, масъулиятро дар иҷрои вазифаҳо дучанд менамояд.