Муроҷиатномаи
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида
ба ҷашни Рўзи умумиҷаҳонии амал барои меҳнати арзанда,
7-октябри соли 2020
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамаи кормандону аъзоёни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро бо ҷашни 13-умин солгарди баргузории Рўзи умумиҷаҳонии амал барои меҳнати арзанда, ки 07-октябри соли 2020 баргузор мегардад, табрику муборакбод намуда ба тамоми аҳли заҳматкаши кишвар пеш аз ҳама тансиҳатию саломатӣ, умри бобаракати бардавом ва дар фаъолияти меҳнатӣ бурдбориҳо таманно менамояд.
Қобили қайд аст, ки мо дар давраи шаддид гардидани сирояти нави КОВИД-19 қарор дошта дар ҷаҳон зиёда аз 200-мамлакати дуньё бо ин сирояти нави коронавирус фаро гирифта шудааст. Зиёда аз 1 миллион нафар ҷони худро аз ин касалӣ бохта, зиёда аз 33-миллион нафар одамон гирифтори сирояти мазкур гаштаанд. Ин вабои аср ба ҳамаи давлатҳо ва кишварҳо таъсири манфии худро расонида иқтисодиёти кишварҳои мутараққии ҷаҳонро сусту муфлис карда истодааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 11-март коронавирусро пандемия эълон кард. Маҳз, дар ҳамин давра Тоҷикистони маҳбуби мо низ дар шароити мубориза бо ин вабои аср қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар шароити паҳн гаштани сирояти нави коронавирус сарҳадҳои кишварҳои дуру наздик баста шуда риштаҳои муносибатҳои иқтисодии кишварҳои дуньё қатъ гардид. Дар асари ин бисёр корхона ва ширкатҳо аз фаъолият монда, бархе аз онҳо ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Сирояти коронавирус ба муносибатҳои меҳнатии кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида дар мамлакатҳои Аврупо ва ШМА шумораи бекорон зиёд шуда истодааст.
Қобили қайд аст, ки дар кишвари маҳбуби мо 30-апрел ба таври расмӣ оид ба сирояти нави коронавирус ахборот паҳн карда шуд. Вале новобаста аз ин дар мамлакат карантин эълон карда нашуд ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти хешро бо назардошти чораҳои зиддиэпидемикӣ бурда истодаанд. Дар чунин шароитҳои вазнин, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҳар як шаҳрванд, корманд, аҳли ҷомеа бояд бо дарки масъулият ва бо назардошти иҷрои чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ фаъолият бурданашон лозим аст. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати таъминоти мардуми кишвар бо маводҳои хурока корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ бояд фаъолият намуда сокинони кишвар маводҳои хурокаро барои ду соли оянда захира намоянд.
Албатта, дар чунин шароитҳои вазнин ҳар як корманд ва ҳар як корфармо аз нуқтаи назари манфиатҳои давлату ҷомеа меҳнат карда барои таъмини фаъолияти устувор ва мунтазами соҳаҳои иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд. Иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ҳифз ва бехатарии меҳнат, бандҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бояд риоя карда шаванд. Ташкил намудани шароитҳои муносиб ва бехатарии меҳнат, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҷои кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, муносибати эҳтиёткорона намудан нисбати сарфаи қувваи барқ, об, фонди манзилӣ, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурдан дар ташкилот ва корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият дар самти иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус, вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб мебошад.
Барномаҳои давлатии шарикони сетарафа оид ба меҳнати арзанда ва паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ қабул гардидаанд ва дар ин замина ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ баҳри иҷрои бандҳои барномаҳои мазкур камари ҳиммат баста бояд саҳмгузорӣ намоянд. Дар асари паҳн гаштани сирояти коронавирус ва ҷорӣ гаштани карантин дар ҷаҳон муносибатҳои нави меҳнатӣ ба монанди фаъолияти фосилавӣ, иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ тариқи рўзи кории нопурра ҷорӣ шуда истодаанд, ки онҳо баҳри таъмин намудани шуғл ва нигоҳдории ҷойҳои кории кормандон равона шудаанд.
Дар ин даврони мушкили имтиҳони зиндагӣ ҳама аҳзоби ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандон ва корфармоён аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, бояд тамоми саъю кўшиши хешро дар доираи шарикии иҷтимоӣ баҳри якдилӣ, ҳамбастагӣ, меҳнати софдилонаю арзанда, барои рушди иқтисодиёти кишвари маҳбубамон ва гулгулшукуфии мамлакатамон равона созем.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи
мустақили Тоҷикистон
07-октябри соли 2020