Муҳтарам аъзоёни иттифоки касаба!
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Шуморо ва дар симои Шумо аҳли кормандонатонро бо ҷашни Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта бароятон саломативу сарбаландӣ ва дар кору фаъолияти пурсамаратон нерўи тоза ва комёбиҳои нав орзу менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!