Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҷаласаи Раёсат ва Пленум

         8 январи соли 2021 дар толори  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон ҷаласаи Раёсат ва  Пленуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии  Тоҷикистон  баргузор гардид.

       Дар  кори Пленум  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо  иштирок намуда оид ба вазъи кунунии ҳаракати иттифоқҳои касаба дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон , мушкилоту дастовардҳо ва паҳлуҳои шарикии иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.

         Дар Пленум таҳлили фаъолияти Кумита дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 , тағиротҳо ба ҳайати Раёсат ва Пленуми Кумитаи ҷумҳуриявӣ   баррасӣ гардида, нақшаи корӣ барои соли ҷорӣ тасдиқ карда шуд.

         Дар ҷаласаи Раёсат   фаъолияти умумии  ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи  Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   мавриди баррасӣ қарор гирифт.

        Раиси Кумита – Назарзода Наргис аз фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа дар соли сипаришуда натиҷагирӣ намуда, қайд кард ки њамаи ташкилотҳои зерсохторӣ  Кумита дар ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии аъзоён, иштирок дар баргузории чорабинињои сиёсї, фарњангї, варзишии сатњи ташкилот, ноњия, шањр ва љумњурї иштироки фаъолона доштанд. Лекин новобаста аз ин   бояд  баҳри бартараф  намудани камбудиҳои ҷойдошта , баланд бардоштани  савияи дониши њуќуќии фаъолон,   ташкил намудани нозирони њифзи мењнат ва њуќуќ, тарбияи кадрњои љавон, мустаҳкам намудани њамкорӣ бо сохторњои Маќомотњои иљроияи њокимияти давлатї аз љумла Агентињои шуѓл ва омор, таъмини   утоќњои  корї, насби  Гушањои иттилоотї  ва фахрї аз њаёти иттифоќњои касаба фаъолиятро пурзур намоем.  

 

 

  • Дида шуд: 1147

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj