Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба!
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Иди Наврӯзи хуҷастапайро бароятон муборакбод гуфта, таманнои онро дорад, ки Наврӯзи имсола ба ҳар як хонадони мардуми кишвари маҳбубамон файзу баракат, гармию рӯшноӣ, иқболи баланд, шодиву сурур, бахту некрӯзӣ ва меҳру муҳаббат оварад.
Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,
Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.
Бо эҳтиром,
Раис Наргис Назарзода