Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи Раёсат

          9 - апрели соли 2021 дар Осоишгоҳи Хоҷа-Оби-Гарм Раёсати сайёри Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раисони иттифоқи касабаи соҳавии  вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва дигар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи дахлдор иштирок намуданд.
         Дар   ҷаласаи Раёсат раиси Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа Н. Назарзода  дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи  соҳа вобаста ба иҷрои  дастуру  супоришҳои  Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, дар бораи ташкили истироҳати  тобистонаи кӯдакону  наврасон   дар мавсими  тобистони соли 2021  ва дар бораи даъват ба Пленуми X Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ  ва бонкии Тоҷикистон  маърӯза  намуд.
       Ҳамчунин ҳисоботи кормандони  масъули Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касбаи соҳа  дар бораи фаъолияти умумии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар  бораи раванди  бастани  Созишномаи  соҳавӣ  барои  солҳои  2021 – 2023 инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ шунида шуд.
            Раёсат аз рӯи  масъалаҳои  баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

  • Дида шуд: 1097

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj