Санаи 7 майи соли 2021 дар Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ҷамъомади идона бахшида ба 9 май – Иди Ғалаба баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷумла ҷанговарони интернатсионалист, ки феълан аъзои иттифоқи касабаи соҳа буда, дар ташкилоту муассисаҳо меҳнат мекунанд, даъват шуда буданд.
Дар ин чорабинӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон М. Неъматзода ширкат намуд.
Ҷамъомади идонаро Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Н. Назарзода ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба Иди Ғалабаи бузурги таърихӣ табрик намуд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон М. Неъматзода саҳми беназири фарзандони миллатро дар мубориза бар зидди фашизм арзёбӣ намуда, дар ин раванд оид ба ҳисси баланди ватандуст ва хештаншинос будани миллати тоҷик суханронӣ намуд.
Дар ҷамъомад ҷанговарони интернатсионалист аз даҳшати ҷанг ва корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик ёддовар шуданд.