25-26 июни соли 2021 дар ноњияи Муминобод вилояти Хатлон Љаласаи Пленум ва Раёсати сайёри Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раисони иттифоқи касабаи соҳавии ВМКБ вилоятҳои Суғд, Хатлон, шањру ноњияњои тобеи љумњур ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соња иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Пленум ва Раёсат масъалањои зерин; Дар бораи бозхонд ва интихоби аъзои Кумитаи Љумњуриявӣ ва Раёсати иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон, Дар бораи фаъолияти Кумитаи љумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон дар нимсолаи якуми соли 2021, Дар бораи тасдиқи карорҳои Раёсати Кумитаи Љумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон ва Дар бораи њисоботи комиссияи назоратї- тафтишотї оид ба фаъолияти иттифоқи касаба дар соли 2020 баррасї шуда ќарорњои дахлдор ќабул карда шуданд.
Кумитаи Љумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон њисоботи кормандони масъули Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касбаи соҳа дар бораи фаъолияти умумии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Дар бораи фаъолияти умумии кумитаҳои иттифоќи касабаи ташкилотњои ибтидоии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Муассисаи давлатии маљмўи мењмонхонањои Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Дар бораи кори умумии кумитањои ноњиявї, шањрӣ ва ташкилотњои ибтидоии иттифоќи касабаи соњавии ноҳияҳои Ёвон, Шамсиддин Шоњин, Љайњун ва шаҳри Бохтар ва Дар бораи омодагии иттифоќи касабаи соња ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, инчунин дигар масъалањои љорї шунида шуд.