Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Ҷаласаи Пленум ва Раёсат

         17 декабри соли 2021 дар толори Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Пленум ва Раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  раис ва муовини раиси  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси кумитаи ҷумҳуриявӣ, раисони иттифоқи касабаи соҳавии ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии дахлдори иттифоқи касабаи соҳа иштирок намуданд. 
         Дар оғози ҷаласа Раиси Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо оид ба вазъи кунуни ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, мушкилоту дастовардҳо ва рушди  шарикии иҷтимоӣ суханронӣ намуданд. 
          Дар ҷаласаи Пленум ва Раёсат дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон дар соли 2021, дар бораи кори умумии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Хадамоти зидиинҳисории назди ҲҶТ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Хадамоти иҷрои назди ҲҶТ, дар  бораи  фаъолияти умумии  ташкилотҳои ибтидоии  иттифоқи касабаи  шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд, дар бораи Нақшаи  чорабиниҳои Кумитаи  ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа барои соли 2022, дар бораи буҷаи иттифоқи касаба барои соли 2022, дар бораи воҳидҳои корӣ иттифоқи касаба барои соли 2022 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 

  • Дида шуд: 495

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш
Иттифоқи касабаи кормандони
муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ
ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ-20
Телефон:
(+992 37) 221-47-95,
221-48-36
Email:
ckprgu.tj@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj