Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Иди байналмиллалии Наврӯзи хуҷастапайро самимона муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ, саодату хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон нерӯи тоза, самараи баланди меҳнатӣ, барору комёбиҳо, кашфиётҳои нав ба нав ва бахту иқболи нек таманно дорад.
Умедворем, ки Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар як хонадони тоҷик, ба кулли инсонҳои сайёра сулҳу сафо, меҳру вафо, файзу нусрат, гармиву рӯшноӣ, баракату саховат, иқболу сарбаландӣ, шодиву суру ва бахту некрӯзӣ оварад.
Бо эҳтиром,
Раис Назарзода Н.