27 декабри соли 2018 ҷаласаи Раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон баргузор гардид. Дар кори Раёсат муовини раиси ФИКМТ - Файзизода И.Н., муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ- Сангинзода Э.Н., раиси иттифоқи касабаи ташкилоти ибтидоии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ – Каримова М., раиси иттифоқи касабаи ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» -Раҳимзода Ҷ., раисони кумитањои вилоятии иттифоќи касабаи соњавии ВМКБ - Қосумбеков М., Суѓд -Ҷамолзода Х., Хатлон -Шарипов С., ш. Душанбе - Наљмуддинов Ф., фаъолон ва кормандони масъули Кумита иштирок карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:
1. Дар бораи фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019.
2. Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон , ки дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа гашт.
3. Дар бораи Нақшаи кори Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон барои соли 2019.
4. Дар бораи буҷаи иттифоқи касаба барои соли 2019.
Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии Тољикистон - Наргис Назарзода дар маърӯзааш оид ба фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар соли 2018 маълумоти пурра дода , вазифаҳоро барои соли 2019 баҳри такмил додани кор дар самти ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву зеҳнии аъзоёни соҳа муайян намуд.
Аъзоёни Раёсат масъалањои пешниҳодшуда баррасӣ намуда бо тариќи овоздињї ќарорњои дахлдор ќабул карданд.