Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба !
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегуяд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар, барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
Бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик ваҳдату сулҳ падидор аст.
Мо бояд рисолати муқаддаси худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ равона намоем.
Бори дигар фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзу менамоем.
Бо камоли эҳтиром,
Раис Назарзода Наргис