Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Вазорату Кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои соҳавиро бо фарорасии Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта ба ҳамаи аъзоёни иттифоқи касабаи соҳа сиҳатмандӣ, хонаободӣ, умри дарозу бобаракат, нерӯи тоза, натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, барору комёбиҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.
Маҳз бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо- Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи равобити дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша, ки паёмвари сулҳу дӯстӣ шуморида мешавад, бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни дӯстии халқҳо ва эҳёгари суннатҳои наҷиби гузаштагон аст.
Бигузор, Наврӯзи оламафрӯзи мо ба ҳар хонадон ва ба кулли инсонҳои сайёраамон сулҳу сафо, меҳру вафо, файзу эҳсони беинтиҳо оварад.
Наврӯзатон муборак!