Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба,
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисиаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Шуморо бо ифтихори ҷашни бошукӯҳи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрик намуда, дар робита ба ин санаи накӯ ба Шумо тансиҳатии бардавом, саодати рӯзгор ва иқболу нерӯи поянда таманно дорад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлатдории давлату миллати бузурги тоҷик буда, ободию озодӣ ва осоиштагии моро ифода менамояд ва ин рӯйдоди таърихии беназир аз ҷониби Ҷомеаи ҷаҳонӣ чун дастоварди нодири тамаддуни умумиинсонӣ қабул гардидааст.
Дар остонаи ин ҷашни фархунда таманнои худро барои ин кишвари биҳиштосо бо гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, ки садои дили ҳар кадоми мост, иброз медорем «Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон баробари мо!».
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак!