Дирӯз, имрӯз ва фардо
Таърихи ташаккул ва инкишофи ҳаракати иттифоқҳои касабаи ҷумҳури бо таърихи пурҳаводису такдирсозӣ Тоҷикистони даҳсолаи дуюми асри XX сахт алоқамандӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки нишонаҳои аввалини муттаҳидшавӣ ва ҳамраъии меҳнаткашон аз рўи нишонаҳои касбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳануз аз солҳои 1917-и асри гузашта сарчашма мегирад.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз бойгонӣ дастрасшуда аз соли 1931 то соли 1937 Бюрои ташкилии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таркибии соҳавии иттифоқҳои касабаи мамлакат амал мекардааст. 11 сентябри соли 1937 Конференсияи 1-ми Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ оѓоз ёфт, ва Бюрои номбурда, ҳамчун Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ном гирифт ва аз ҳамон вақт санаи мазкур ҳамчун рўзи таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа эътироф шудааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ он вақт иттифоқи касабаи соҳа 2400 нафар аъзоро муттаҳид мекард.
25-уми январи соли 1991, дар Анҷумани XV-уми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Декларатсия оид ба ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон - вориси Тоҷиксовпроф қабул карда шуд ва аз ҳамон вақт марҳилаи нави фаъолияти иттифоқҳои касаба оѓоз ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтори соҳавии иттифоқи касаба соҳа ҳамчун Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, баъдан - Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 сентябри соли 2005), Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ -(24 октябри соли 2009) номнавис шуда, таҳти ҳамин ном имрўз фаъолият дорад. Мақоми роҳбарикунандаи он тибқи қарори Анҷумани шашуми Иттифоқи касабаи соҳавӣ ( 23 августи соли 2016) аз Кумитаи марказӣ ба Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкӣ табдил дода шуд ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид.
Иттифоқи касабаи соҳавӣ ташкилоти ҷамъиятиву ихтиёрӣ буда, кормандони муассисаҳои давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, кормандони судҳо, прокуратураҳо, ташкилотҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бонкҳо, сохторҳои саҳҳомӣ-тиҷоратӣ, толибилмони муассисаҳои таълимии соҳавӣ, нафақахўрон ва дигар шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумиашон дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ѓайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд.
Иттифоқи касабаи мо имрўз 1699 зерсохтор, аз он ҷумла, 3 кумитаи вилоятӣ, 69 кумитаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, 1627 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаро муттаҳид сохтааст. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирофкунандаи анъанҳои иттифоқҳои касабаи байналхалқӣ Иттифоқи касабаи соҳа иштирокчии фаъоли аксияҳои «Ҳаракати байналмилаии иттифоқҳои касаба барои сулҳ», ва «Меҳнати арзанда» мебошад ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ чорабиниҳои мухталифро аз қабили мизҳои мудаввар, форумҳо, ҳамоишҳои оммавию фарҳангӣ ва варзишӣ мегузаронем. Бастани созишномаву шартномаҳои коллективӣ барои иттифоқи касабаи соҳа санади асоси маҳсуб гардида, рафти иҷрои бандҳои он ҳамеша зери назорат мебошад. Дар аксарияти ташкилоту муассисаҳое, ки дар хизматрасонии Кумитаи соҳавӣ қарор доранд, шартномаҳои коллективӣ ва Созишномаҳо барои давраҳои муайян баста шудаанд ва ҳоло дар ташкилотҳо таҳияи пешниҳодҳо барои бастани шартномаҳои коллективии давраи солҳои 2018-2020 ва инчунин Созишномаҳои минтақавӣ идома дорад.
Иттифоқи касабаи соҳавӣ муносибати худро бо дигар иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ, инчунин бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои ҳамдигар ва баробарӣ ба роҳ мемонанд. Тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, мо тавонистем, ҷомеаи ҷаҳониро аз дастовардҳои меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, кўшишҳои иттифоқи касабаи соҳа дар масъалаи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоён ба меҳнат, дастрасӣ ба маоши арзанда ва рўзгори шоиста огоҳ созем ва таҷрибаи пешқадами иттифоқҳои касабаи соҳавии хориҷи кишварро, ки ба манфиати меҳнаткашон аст, аз худ намоем.
Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлати ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар ҳама давру замон таҳти роҳбарии кадрҳои озмудаву соҳибтаҷриба , ки аз ҷониби намояндагони даҳҳо ҳазор нафар аъзои иттифоқи касаба интихоб мешуданд, фаъолият мекард. Имрўз мо бо арзи эҳтиром номҳои поягузорони ҳаракати иттифоқи касабаи соҳаро ёдовар мешавем, ки барои рушди ташкилот заҳмат кашидаанд. Мувофиқи ҳуҷатҳои аз бойгони дастрас шуда то соли 1937 Бюрои ташкилиро М. Бахтибек-ном нафар, баъдан – Юсупов баъд аз вай - Г. Бижани сарвари менамуданд-, аз соли 1938 то 1961 нафарони зерин ба ҳайси роҳбарӣ кумита фаъолият намудаанд 1938-1939 -Д. Курицин ва Горин Фёдор Васильевич, соли 1955 - И.Карпенко, солҳои 1956 - 1961 - Зайцев Д.В., Саидов Восид – (с. 1961-1965), Шарипов Хайриддин (с. 1965-1975), Давиденко Т.Д., (с.1975), Ахмедов Самӣ (с.1976-1979), Назирова Лидия Муллоҷоновна (с.1979-1984), Комилова И.Б. (с.1984-1985), Муродова Зарагул (с.1986-2009), Қаҳоров Дадо (с.2009-2015). Ҳар як нафари номбурда дар пешрафти фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи соҳа ва пурсамар гардонидани фаъолияти рузмарраи он саҳми босазо гузоштааст ва мавриди қадрдонӣ ҳаст.
Фаъолияти босуботи иттифоқи касабаи соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ном ва кору пайкори мутахассиси варзидаи соҳа, ашхоси соҳибэҳтироми ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ депутати Шўрои Олии мамлакат мухтарама Муродова Зарагул иртиботи ногусастанӣ дорад, ки аксари роҳбарони кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шогирдони он кас мебошанд. Муаллима тавонистанд дар солҳои душвортарини таърихи навини мамлакат ҷиҳати сарҷамъ сохтани аъзои иттифоқ, баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоён фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.
Дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бошад, дастовардҳои соҳа бо фаъолияти роҳбарони соҳибтаҷриба ва собиқадорони меҳнат ба монанди Қосумбеков Имомёрбек, Аверина Светлана, Додохонов Мухторхон, Бобоева Мавҷуда, Абдиев Алланазар, Шарипов Сайфиддин, Наҷмуддинов Фотеҳ, Раҳмонов Рустам, Валиев Мадалӣ, Рустамова Шаҳрибону, Сангалиев Файзалӣ, Хол Қурбон, Ҳайдаров Акбаралӣ, Ҳомидов Соҳибназар, Азизов Абдулло, Муҳадбеков Зайнолобуддин, Мамадрахимова Рузигул, Чоршанбиева Қиматниссо, Азизова Замира, Назирова Муҳарамма ва дигарон тавъам аст.
Дар сатҳи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа баҳри пешравии фаъолият шахсоне ба мисли Ҷамолов Салмон, Абдувоҳидов Улмас, Хайдаров Ёқуб, Алиев Муҳаммад, Қиматшоева Моҳинав, Сайфиддини Бурҳон, Ѓаюрзода Шухратулло, Бобомуродова Саодат, Абдуллоева Саодат, ва дигарон саҳми муносиб гузоштаанд.
Кору пайкори кормандони дастгоҳи кумита, ки солҳои дароз баҳри фаъолияти пурсамари Кумита заҳмат кашидаанд ба монанди - Қаҳоров Дадо, Раҷабов Иброҳим, Гадоева Гулнора, Маҳмудов Аҳрор, Муҳиддинова Зулфия, Саидова Раҷабгул, Муродов Раҳим, Сангова Миянсара, шодравон Миришабов Муззафар боиси қадрдонист.
Ҳаракати иттифоқҳои касаба, дар радифи муттаҳидсозии меҳнаткашони соҳаҳои мухталиф, метавонад имрўз ҳамчун таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни меҳнаткашон, бахусус онҳое, ки дар мақомоти мухталифи давлатию ҷамъиятӣ ва бонкӣ ба ҳайси корманди қаторӣ фаъолият мебаранд, баромад кунад. Ва ин самти калидии фаъолият дар давраи минбаъда маҳсуб меёбад. Чунки имрўз танҳо иттифоқи касаба ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии меҳнаткашон эътироф шудааст.
Аъзои иттифоқи касабаи соҳавӣ чун кулли мардуми Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат, таъмини ҳаёти арзандаи бошандагони ин сарзамини куҳанбунёд заҳмат мекашанд ва ҷиҳати ба ояндагон боқӣ гузоштани Ватани ободу осуда ва арзандаи ифтихору дўстдорӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.