Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон бо ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, Шуморо самимона табрик гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ ва хонаободию саодати рӯзгор орзу менамоем.
Нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, модарону бонувони арҷманди мо дар ободии Ватани азиз, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми пурарзиш доранд.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, Шуморо бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта, тандурустию саодатмандӣ, осмони беғубор, бахту иқболи наку ва рӯзгори ободу осударо орзумандем.
Бо камоли эҳтиром,
Раис Наргис Назарзода